zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон рӯзҳои 3-7 моҳи августи соли 2019 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳӣ баргузор гардид.

Ҳадафи мусобиқа тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани кормандони Кумита ба машғули мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ ва баланд бардоштани маҳорати касбии кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ буда, дар он 8 даста аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.

 

Иштирокчиён дар масофаҳои корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ дар шароити муҳити табиӣ, дар мавриди ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода ва масофаи умумии ҷисмонӣ (пойга-кросс-эстафета барои 5х1, машқҳои қувваозмоии омехта) байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Мусобиқа хеле шавқовар ва дар сатҳи баланд гузашт. Дар ҷамъбасти мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба варзиши бисёрҳарбаи наҷотдиҳӣ дастаи Маркази кофтукобии Раёсати Хадамоти таъиноти махсусгардонидашудаи кофтукобӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, дастаи гурӯҳи наҷотдиҳии филиали агентии Оғохон оид ба макони зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми дуввум ва дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо ҷом, диплом ва ифтихорномаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дафтари матбуоти

Раиси шаҳри Гулистон