zoofirma.ru

Дар қисми мустақили ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонии Гулистон бахшида ба 91-умин солгарди таъсиси ин ниҳоди муҳим ҷамъомади ботантана баргузор гардид. Муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода кормандони Хадамоти давлати оташнишонии шаҳрро аз номи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ба муносибати ҷашни касбӣ табрик намуд.

Зикр карда шуд, ки ҳамасола дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 30-юми июл Рўзи кормандони хадамоти оташнишонӣ таҷлил мегардад. Соли 1928, яъне 91 сол муқаддам 30-юми июл Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Хадамоти мазкур даҳсолаи нуҳум аст, ки кафолати бехатарии мардум аст. Ҳадафи асосии ин соҳа доимо дар ҳолати омодабош қарор доштан мебошад. Хадамоти оташнишонӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-юми июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1-уми апрели соли 1929 таъсис ёфтааст.

Дар шаҳри Гулистон қисми мустақили 37-уми ҳарбикунонидашудаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати шаҳри Гулистон фаъолияти пурсамари хизматӣ дорад. Дар ин қисми оташнишонӣ беш аз 25 нафар сўхторнишонони соҳибтахассус фаъолияти пурсамар доранд. Қисми мазкур бо таҷҳизот ва техникаҳои муосир ҷиҳозонида шуда, кормандони ин ниҳод ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор доранд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сўхтор дар иншооти хоҷагии халқ, минтақаҳои аҳолинишин ва хонаҳои шахсӣ, ташкилоту муассисаҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, баҳри иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сўхтор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷидду ҷаҳд менамояд.

Дар охир ба собиқадорон ва пешқадамони соҳа Сипоснома ва тўҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар вазъи тантанавӣ супорида шуданд.