zoofirma.ru

Баҳри пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар соҳили обанбори «Баҳри Тоҷик» ва обутобгоҳҳои он бо дасгирии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ЮНИСЕФ се лавҳа бо навиштаҷоти қоидаҳои оббозӣ ва ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ дар обутобгоҳҳои шаҳр насб гардид.

Ҳамзамон, аз тарафи бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон аксия оид ба пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар обутобгоҳҳо ва обанбори «Баҳри Тоҷик» ташкил ва гузаронида шуд.