zoofirma.ru

Мардум қаноатмандБо ибтикори Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ба фаъолият оғоз намудани «Бозори марказӣ» боиси  қаноатмандии шаҳрвандону меҳмонон аст. Дар ин маркази савдо молҳои ниёзи мардум фаровон буда, эҳтиёҷоти ҳар як харидорро бо нархҳои дастрас қонеъ мегардонад.

-Баҳри ободиву зебогӣ, тоза нигоҳдории  муҳити бозор ва сатҳи хуби хизматрасонӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад – аснои сӯҳбат иброз дошт, директори «Бозори марказӣ» Аваз Бобоназаров.