zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабиниҳои муштарак дар самти тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон дар қисми ҳарбии 45025-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граҷдании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти масъулин бо афсарон ва сарбозони қисми ҳарбӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ мутахассиси пешбари бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими МИҲД-и шаҳри Гулистон Суҳроб Тоҳиров, сардори қисми навбатдории ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, майори милитсия Ҷӯрабой Ҷӯраев, мутахассиси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Гулистон Абдумалик Зоидов, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ба номи «Имом Бухорӣ»-и шаҳр  Муҳаммадҷон Усмонов доир ба масъалаҳои экстремизму терроризм – ҳамчун падидаи номатлуб, танзими анъана ва ҷашну маросим, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ суханронӣ намуданд. Дар интиҳо мубодилаи афкор байни иштирокчиён ба вуқӯъ пайваст.