zoofirma.ru

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Раёсати Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, бо мақсади пешгирӣ намудани содиршавии ҷиноятҳои коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта дар байни кормандони касбу кори гуногун мизи мудаввар дар мавзӯи “Мубориза бар зидди коррупсия – вазифаи аҳли ҷомеа” баргузор гардид.

Семинарро бо суханони ифтитоҳӣ муовини Раиси шаҳри Гулистон Ғайрат Оқилзода кушод. Зикр гардид, ки муаммои коррупсия дар айни замон яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ба шумор рафта, муаммои ҳамарӯзаву ҷаҳонӣ гаштааст. Ҳадаф аз баргузории семинари мазкур – пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ ва сабабу омилҳое, ки ба қонуншикании коррупсионӣ оварда мерасонад.

Сипас мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода,  мудири шуъбаи маорифи шаҳр Абдуғаффор Аҳмадов, менеҷменти муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ Гулшан Мадаминова доир ба омилҳо ва хусусиятҳои коррупсия, тадбирҳои пешгирӣ намудани он дар ҷомеа ва соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, иҷрои раванди Стратегияи муқовимат бо коррупсия ва монанди ин маърӯза намуданд.

Дар кори семинар намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нозири калонӣ шуъбаи пешгирии коррупсия Васлибек Назвиён ва Искандар Мирсаидзода иштирок ва баромад намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Гулистон