zoofirma.ru

Дар қисмҳои сарҳадии воқеъ дар шаҳракҳои Адрасмон, Зарнисор ва Навгарзан ба ифтихори 25-солагии Қушӯнҳои сарҳадии чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ аз тарафи масъулини ҷамоати шаҳракҳои номбурда тибқи супориши Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода  ба вуқӯъ пайваст.

Зимни муборакбодии сарҳадбонон масъулин зикр намуданд, ки дар баробари Артиши миллӣ сохторҳои ҳифзи сарҳадӣ дар партави сиёсати фардосози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми майи соли 1994 дар сохтори мақомоти амнияти кишвар таъсис дода шуда, ин санаи таърихиро ҳамчун “Рӯзи сарҳадбонон” эълон гардид. Алъон иқтидори мудофиавии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ аз лиҳози таъминот бо кадрҳои соҳибтахассуси ҳарбӣ ва техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ хеле мустаҳкам гардидааст.

Сипас байни сарбозон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ бозиҳои шавқовари варзишӣ-ҳарбӣ ва аз тарафи санъаткорони шаҳракҳо намоиши марғуби консертӣ баргузор гардиданд.

Ҳамзамон, барои сарҳадбонон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дасторхони идона густурда шуданд.