zoofirma.ru

Тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба риояи қоидаҳои оббозӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ ба мавсими оббозӣ дар соли 2019, мутобиқ ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2019,№103 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019», ки аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон тасдиқ гардидааст, доир ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ғарқшавии шаҳрвандон дар обанбори «Баҳри Тоҷик» ва обутобгоҳҳои ҳудуди шаҳр аз тарафи кормандони бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон, шуъбаи маориф ва кормандони соҳаи тандурустӣ дар МҒД Колеҷи тиббии шаҳри Гулистон мулоқоти судманд баргузор гардид.

Сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон Ҳикматулло Амонов дар назди донишҷӯён ва омӯзгорон баромад намуда зикр намуд, ки бинобар сабаби гарм шудани ҳаво ва оғоз гардидани мавсими оббозӣ талаботи мардум ба обу оббозӣ рӯз то рӯз зиёд мегардад. Албатта, обутоби бадан ва оббозӣ барои саломатии инсон ва баланд гардидани фаъолияти рӯҳию ҷисмонии он фоидаовар мебошад, вале бояд фаромӯш накунем, ки об дар баробари фоиданок будан, боз сабабҳои фалокатовар низ дорад. Ҳодисаҳои солҳои охир нишон дод, ки ҳар сол дар мавсими оббозӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ ва оббозӣ даҳҳо нафар ҷони худро аз даст дода, пайвандону наздиконашонро дар ғаму андӯҳи якумра гузоштаанд.

 

Мутаассифона, аксарияти онҳо ҷавонону наврасон буда, аз сабаби бемасъулиятии падару модар, омӯзгорон, ҳолатҳои мастӣ ва риоя накардани қоидаҳои бехатарии оббозӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Бояд қайд намуд, ки тибқи талаботи банди 6-и моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оид ба уҳдадории падару модар дар таълиму  тарбияи фарзанд омадааст: “Гашту гузори фарзанди то синни 6 сола бе ҳамроҳии шахси аз 14 сола боло дар кӯча ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ қатъиян манъ аст”. Соли гузашта дар ҳудуди шаҳр то ба имрӯз аз сабабҳои риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ ва оббозӣ дар мавзеъҳои хатарнок ва обутобгоҳҳо 4 нафар шаҳрвандон ҷони худро аз даст доданд. Ин танҳо он нафароне мебошанд, ки дар ҳудуди шаҳри Гулистон ғарқ шудаанд. Бояд қайд кард, ки соҳилҳои обанбори «Баҳри Тоҷик» инчунин дар ҳудуди ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Конибодом низ маъво дошта, дар он ҷо низ мардум ба оббозӣ шуғл меварзанд.

Дар фарҷоми мулоқот ба донишҷуён ва омӯзгорон тавсия дода шуд, ки ҳангоми оббозӣ дар обутобгоҳҳои соҳили «Баҳри Тоҷик» ва ҳавзҳои обии шаҳр талаботи бехатариро пурра риоя намуда, дар ҷойҳои манъшуда ва барои оббозӣ хавфнок, хусусан дар наздикии обтақсимкунакҳои каналҳо ва дигар ҷойҳои хатарнок вориди об нагарданд.  Сипас аз тарафи намояндаи беморхонаи марказии шаҳр ба донишҷуён тарзи расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми ғарқшавӣ намоиш дода шуд.

Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Гулистон