zoofirma.ru

Дар Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони шаҳри Гулистон ба ифтихори Рӯзи ҷавонон тантанаҳои идона бо иштироки намояндагони корхонаву муассисаҳо, ташкилоту идораҳо, ҷамоати шаҳракҳо, сокинон ва меҳмонони зиёди маркази шаҳр баргузор гардид.

Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон табрик карда, оид ба дастовардҳои ҷавонони гулистонӣ сухан ронд. Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори намояндагии Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагии манзилӣ-коммуналӣ дар вилоят Фирдавс Бойматов табрикоти Раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро манзури гулистониён намуд. Зикр гардид, ки дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешбурди сиёсати давлат дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар эълон гардидааст. Беш аз 34 дарсади теъдоди сокинони шаҳри Гулистонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо бо рӯҳбаландиву ғайрати тоза дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи шаҳр софдилона фаъолият доранд. Ҳоло ҷавонони гулистонӣ дар донишгоҳҳои олии вилояти Суғд беш аз 500 нафар, дар муассисаҳои олии берун аз кишвар беш аз 50 нафар ва дар донишгоҳҳои олии пойтахти мамлакатамон зиёда аз 80 нафар аз рӯи  ихтисосҳои гуногун таҳсил доранд.

Се нафар муҳассилини муассисаҳои таълимӣ ба шарафи гирифтани степендияи президентӣ ноил гардидаанд. Ҳамзамон, 25 нафар хонандагони аълохону фаъол степендияи раиси шаҳр ва 15 нафар идрорпулии кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ-ро мегиранд.

Дар интиҳо консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруфи ҷумҳурӣ, вилоят ва шаҳр таҳти унвони “Шоми ҷавонӣ” баргузор гардид.