zoofirma.ru

Дар толори Мактаби санъати шаҳр ҳамоиш таҳти унвони «Ҷавонон неруи бузургу пешбарандаи миллатанд» ба ифтихори 25-солагиии ҲХДТ ва Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо иштироки аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолони ҳизб, намояндагони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ дар шаҳри Гулистон баргузор гардид.

Ҳамоишро бо сухани ифтитоҳи раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Муслимахон Ҷамолиён ифтитоҳ бахшид.

Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Фирдавс Саидов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси шаҳр Илҳом Мадализода,  номзади илмҳои филология Абдуманнон Одинаев, корманди шуъбаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Фирдавс Нурматзода, донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳр Мадинахон Мирзобурҳонова доир ба масоили марбут ба ҷавонон ва мақоми ҳизби пешоҳанги ҷомеа суханрониҳо намуданд. Зикр карда шуд, ки яке аз самтҳои асосии Барномаҳои ҳизбро сиёсати ҷавонон ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҳизбиён ба татбиқи ҳадафҳои олии худ дар сурате метавонанд ноил гарданд, ки моҳияти аслии ин проблемаҳоро ба ҳамаи қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла ҷавонон, ки аксари сокинони кишварро ташкил медиҳанд, дуруст фаҳмонида тавонанд ва дар байни онҳо мувофиқи мақсад кор баранд.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён дар интиҳо ба кулли иштирокчиён изҳори миннатдорӣ намуд. Таъкид гардид, ки маҳз сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат ва ҳизб буд, ки дар самти дастгирии ҷавонон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол санадҳои муҳими давлатӣ қабул ва самтҳои фаъолияти онҳо дар шароити муносибатҳои нави сиёсиву иҷтимоӣ муайян карда шуданд.

Дар охир даҳ нафар ҷавонони фаъол аз корхонаву ташкилот ва муассисаву идораҳои шаҳр дар вазъи тантанавӣ ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба онҳо билетҳои ҳизбӣ супорида шуданд. Ҳамоиш бо танинандози суруди “Пешвои миллат”  ба анҷом пазируфт.