zoofirma.ru

Инак, ҳаҷдаҳ баҳори пурбаракат аст, ки мардуми тоҷик рӯзи ба вуқуъ пайвастани рӯйдоди бузурги таърихӣ – имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии тоҷиконро ҳамчун иди умумихалқӣ ҷашн мегирад. Рӯзест, ки дар таърихи давлатдориву давлатсозии навини тоҷикон рухдоди бузургеро ба вуҷуд овард, ки он дар тақдири минбаъдаи мардуми тоҷик гардиши куллӣ ва таҳаввули бунёдӣ гузошт. Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода хуб гуфтаанд:

«Ваҳдати миллӣ тавонист сарсониву саргардонӣ, парешониву парокандагиро ба сарҷамъиву хотирҷамъӣ, сулҳу иттиҳод ва ҳамдиливу ҳамбастагӣ табдил дода, амнияти мардумро таъмин ва кишварро ободу зебо ва шукуфону гулафшон кунад».

Созишномаи сулҳ заминаи боэътимоди зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар фарди покдилу некхоҳи мамлакат дер боз интизор буд.

Созишномаи сулҳи тоҷикон баъди 21 вохӯриву музокирот, ки қариб чор сол дар Москваю Ашқобод ва дигар маҳаллу мавзеъҳо гузаронида шуданд, ҳамчун санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳи тоҷикон ба имзо расид. Бо имзои санади сулҳ мо пеш аз ҳама давлат ва миллатро наҷот додем.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саҳифаҳои таърихи мардуми фарҳангпарвару мутамаддини мо ҳамчун рӯзи муқаддасу муаззам, ҳамчун шаҳсутуни истеҳкомдоштаи давлатсозӣ пайдо шуда, мисли Истиқлолияти миллӣ барои ҳар шахси соҳибном ва соҳибномус, ватандору ватанпараст мубораку муқаддас гардидааст.

Ҳамшаҳриёни азиз! Дар ин рӯзи саиду фархунда ҳамаи шуморо табрику муборакбод намуда, дар хонадонатон ободиву осоиш ва хушбахтиву хушрӯзии бардавом таманно дорам.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак!