zoofirma.ru

Дар толори калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон таҳти раёсати Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр бо иштироки аъзои Шӯро ва ҷавонони фаъол намояндагони корхонаву муассиса, ташкилоту идораҳо ва ҷамоати шаҳракҳо баргузор гардид.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода кушод. Рӯзномаи ҷаласа тасдиқ гардида, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Саидахон Аҳмадзода доир ба амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷаласаи якуми Шўрои миллии кор бо ҷавонон баёнгардида ва фаъолияти бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр дар соли 2018 маърӯза намуд.

 

Роҷеъ ба масъалаи асосӣ котиби ҷамоати шаҳраки Консой Мадина Миробидова, аъзои Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон Аҳлиддин Абдураҳмонов, гирандаи стипендияи президентӣ, донишҷўи Коллеҷи тиббии шаҳр Алишерзода Меҳрона Абдуманнонӣ, чемпиони Осиё, финалисти Ҷоми ҷаҳон, чемпиони понздаҳкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба каратэ-до Муҳриддин Худойбердиев ба музокира баромаданд.

Сипас аъзои Шӯро доир ба масъалаи баррасишуда қарори дахлдор қабул намуда, нақшаи кории Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳрро тасдиқ карданд.

Дар интиҳо Раиси шаҳри Гулистон фирдавс Шарифзода доир ба вазифаҳои аввалиндараҷаи аъзои Шӯро ва роҳҳои пурсамари фаъолияти минбаъдаи он ба масъулин вазифагузориҳои мушаххас намуд.

Пас аз анҷоми ҷаласаи васеи Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳр маросими ботантанаи супоридани Стипендияҳои Раиси шаҳр, гувоҳнома ба иштирокчиёни ҳафтаи худидоракунӣ, Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба ҷавонони фаъол, Стипендияҳои кумиҷроияи шаҳриии ҲХДТ ба вуқӯъ пайваста, ба ғолибони мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси шаҳр Ҷом ва дипломҳо супорида шуданд.