zoofirma.ru

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди оммавияти варзиш дар шаҳру шаҳракҳои Гулистон велемарафон ва дави миллӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи велемарафон ва дави миллӣ Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода суханронӣ намуда, ҳамагонро бо баргузории дави миллӣ ва иди Рӯзи ҷавонон шодбош намуд. Зикр гардид, ки Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат барои  инкишофи  варзиш дар шаҳру  шаҳракҳо диққати  ҷиддӣ дода,  баҳри дастгирии амалӣ ва  фароҳам овардани шароити  мусоиду мувофиқ  тамоми  чораҳову  тадбирҳоро  меандешад. Бунёд ва таъмири  иншооти варзишӣ аз қабили майдонҳои варзишӣ ва  фароғатӣ барои кӯдакону наврасон дар маҳаллаҳо, таъмири  капиталии толорҳои варзишии муассисаҳои таълимӣ, ҷиҳозонидани толорҳо бо  таҷҳизоти варзишӣ ва ҷудо намудани маблағҳои зарурӣ барои дастгирии молиявии  варзишгарони  гулистонӣ барои иштирок дар мусобиқаҳои гуногун гувоҳи  ғамхории рӯзафзуни соҳаи варзиш мебошанд.

Сипас дар се марҳила ибтидо аз назди Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Зардолузор” то чароғаки роҳнамои Шабакаҳои барқи Суғд дави миллӣ дар кӯчаи асосии Истиқлол ба вуқӯъ пайваст.   Дар велемарфон муҳассилини муассисаҳои таълимии № 1, 14 ва гимназияи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолона иштирок намуданд. Дар дави миллӣ намояндагони ташкилоту идораҳо, муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ,  корхонаҳо, намояндагони муассисаҳои соҳаи тандурустӣ,    кормандони осоишгоҳҳо фаъолона иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти велемарафон ва дави миллӣ  иштирокчиён ва ҷомеаҳои меҳнатии фаъол бо сипоснома ва дипломҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз карда шуданд.

Дар шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Зарнисор,  Чоруқдаррон низ дави миллӣ муташаккилона ва бо иштироки теъдоди зиёди иштирокчиён баргузор гардиданд.