zoofirma.ru

Дар сарчашмаҳои таърихии фарҳанги мо зикр гардидааст, ки ду амал метавонад сарнавишти инсонро дигар намояд. Яке дуову дигар хайру саховат, яъне дасти имдод дароз намудан ба шахсони дигар. Воқеан, саховат нишонаи ҷавонмардӣ ва соҳибдиливу инсони комил будан мебошад. Хушбахтона, дар Тоҷикистони соҳибистиқлол  ҷомеаи мо бо ҳидоятҳои башардӯстонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша барои дастгирии ашхоси ниёзманд камари ҳиммат баста, ин амали хайри инсонӣ пайваста ба иҷро расонида мешаванд.

Дар доираи чорабиниҳои “Як моҳи ҷавонӣ” дар маркази фароғатии “Дурахшон”-и шаҳри Гулистон мулоқоти Раиис шаҳри  Гулистон бо 25 нафар наврасону ҷавонон доир гардид. Зикр карда шуд, ки Пешвои муаззами миллат дар намунаи шахсияшон бо амалҳои хайрхоҳона, аз ҷумла таваҷҷуҳи хоса ба аҳли ниёзманди ҷомеа оини ҷавонмардии миллатро тақвият бахшида, дар ин ҷода барои ҳамагон намунаи ибрату ҷонибдорӣ мебошанд. Дар партави ҳидоятҳои созандаи Сарвари муаззами давлат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон пайваста ҷавонони саодатманди даврони соҳибистиқлолияти кишвар, махсусан қишри ниёзманди ҷомеаро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд. Дар вазъи тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ба 25 нафар ҷавонон кумаки яквақтина расонида шуд. Санъаткорони бахши фарҳанг  барои иштирокчиён барномаи марғуби консертиро манзур намуданд.

Сипас, ҷавонон бо роҳбаладии масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар Майдони Парчами давлатии маркази шаҳр ва мавзеъҳои ҷолиби маркази вилоячт шаҳри Хуҷанд дидан намуданд.

Марҳабо Ғиёсиддинова, ҷавондухтари адрасмонӣ таассуроташро аз мулоқот чунин баён намуд:

- Пеш аз ҳама ба Асосгузори сулҳ ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳори беназирашон барои мо ҷавонон, алалхусус дармондагон изҳори самимии миннатдорӣ баён мекунам. Хушбахтам, ки чунин давлати ободу озод ва Пешвои ҳамхор дорем. Дар навбати худ ваъда медиҳем, ки содиқона ба Ватану Пешвои муаззам  хизмат намоем. Мо дар ин Ватани маҳбуб танҳо нестем, сарвару сарбон дорем!