zoofirma.ru

Афзоиши пайвасти ташкилот ва гурӯҳҳои терроризму экстремизм дар аҳони муосир, яке аз омилҳои вазъи сиёсию иҷтимоӣ замони имрӯза гаштаааст. Дигаргуниҳои калони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта рӯ ба рӯ шуд, кишвари моро ба душвориҳои сангин дучор сохта, боиси сар задании ҷангҳои дохилии солҳои 1992-1997 гардид, ки дар натиҷа ҳаёти зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванд бесару сомон монда, оқибатҳои он ҳоло ҳам эҳсос мешавад ва хотираҳои мардумро ранҷ медиҳад.

Ба фикри ман фарқияти терроризму экстремизмро олими рус Г.И. Мирский хеле хуб маънидод кардааст, терроризм-экстремизм - ин зуҳуроти ба якдигар назик буда, агарчанде, ки дар байни онҳо алоқаи зич набошад ҳам, ҳар як терроризм-экстремизм ва ҳар як экстремизм- терроризм ҳисобида мешавад. Лекин экстремизм аз ҷиҳати амалҳои худ терроризмро сафед кунад ҳам, на ҳама амалҳои экстремистӣ ба террори воқеӣ бурда мерасонад. Дар айни замон дар байни терроризм-экстремизм ягона амалиёт дида мешавад, ки ҳардуи ин зуҳурот масъаларо бо роҳи зӯроварӣ ҳал кардан мехоҳанд. Қувваҳои экстремистӣ дар ҳолатҳои муайян аз ҳиссиёти динии мардум истифода бурда, бо шиору тавсияҳои ғаразнок онҳоро ба вартаи фалокату ҳалокат кашида, фазои сиёсии кишварҳои алоҳидаро вайрон мекунад.

Имрӯз дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки дар байни ҷавонон шуури динӣ рӯ ба инкишоф ёфтааст ва ин раванди хатарнок на танҳо барои ҷамъият ва давлат, балки барои дини ислом бетаъсир намемонад. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» (аз 02.08.2011, №762) дар байни ҷомеа мавриди мубоҳиса ва андешаҳои зиёд гардид. Мутобиқи моддаи 8-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» падару модаронро уҳдадор карда мешаванд, ки фарзандонашонро иштирок дар фаъолияти муассисаҳои динӣ, ғайр аз кӯдаконе, ки дар муассисаҳои динӣ таҳсил менамоянд, манъ намоянд. Танҳо дар соли 2013 барои риоя накардани ин талаботи Қонуни мазкур зиёда аз 3100 нафар падару модарон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд.

Дар айни замон, ба омилҳои паҳнгаштаи зуҳуроти терроризм-экстремизм баҳо дода, мо бояд фаромӯш накунем, ки асоси он дар соҳаи иқтисодию иҷтимоии ҷаҳони муосир ниҳон аст. Вазифаи афзалиятноке, ки дар назди давлат дар мавриди пешгирии зуҳуроти терроризм-экстремизм, бо мақсади мустаҳкам ва пойдор кардани сохти конситутсионӣ сулҳ ва ваҳдати миллии халқи Тоҷикистон меистад - мо ҷавонон баҳри ободии ватанамон саҳми худро гузошта, пеши роҳи ин омилҳои барои инсон зараровар ва хатарнокро гирифта, кишвари маҳбубумонро гул-гул шукуфон намоем.

Барчиной МИРЗОРАҲИМОВА,
равоншиноси МТМУ-7, шаҳраки Адрасмон