zoofirma.ru

Гулистониёни гиромиқадр!

Ба сарзамини соҳибистиқлоли мо боз иди мубораку файзбахши баҳор ва ҷашни қадимтарину зеботарини аҷдодӣ – Наврӯзи оламафрӯзи байналмилал қадами мубораку ҳаётофарини худро гузошт. Наврӯз барои миллати мо чун соли нави аҷдодӣ ва иди баҳор арзиши бузург дошта, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди ватандӯсти Тоҷикистон мебошад. Дар ҳама давру замон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик иди Наврӯзро дар баробари дигар халқҳои ориёӣ истиқбол менамуд. Наврӯз иди бузургтарини миллӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун дақиқтарин шинохти гардиши офтоб, баробарии шабу рӯз, дарки тағйирёбии авзои табиат, фарорасии фасли баҳору айёми шукуфоӣ ва посдории инсону табиат мақому мартабаи баланд дорад.

 

Тавассути Истиқлолияти давлатӣ, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз файзу баркати хосаи иди бузургтарини аҷдодӣ ва миллӣ шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуда, он ба густариши оинҳои Наврӯзи Аҷам мусоидат карда, барои такомули худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ташаккули маънавият такони нерубахши худро эҳдо кардааст. Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки «Имрӯз асосан ду иди бузург дорем, ки онҳо манбаи ифтихору болидагии рӯҳи ҳар як тоҷики ватандӯст ва бонангу номусанд. Ин идҳои мардумию умумихалқӣ, ки барои ҳар фарди худогоҳу соҳибфарҳанг ва ватанпарвару миллатдӯст азизанд, иди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва иди Наврӯз мебошанд».

Нуҳ сол муқаддам дар ҷаласаи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Рӯзи байналхалқии Наврӯз» эълон намудани 21–уми март зимни ташаббуси як силсила давлатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки меросгирӣ ҷашн аст бо ҳамовозии якдилона қатънома пазируфта шуд. Барҳақ, Наврӯзи байналмилал рамзи ҳувияти миллӣ ва истиқлолияти давлати мо гардидааст.

Аз рӯи анъана мардуми тоҷик дар арафаи ҷашни Наврӯз ботини худро аз кинаву кудурат ва андешаҳои носолим пок карда, манзилу хонаи зист, сару либос ва тамоми ашёи рӯзгорашонро тозаю ороста менамоянд. Муҳимаш мардуми мо дар ҷашни Наврӯз бо меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд, ба аёдати пирону барҷомондаҳо мераванд, дасти ятимону бепарасторонро мегиранд ва саховату ҷавонмардиро вазифаи муқаддасу қарзи инсонии хеш мешуморанд.

Наврӯзи имсола бо қадами муборакаш аз фаро расидани мавсими навбатии ободонию созандагӣ, ниҳолшинонию кабудизоркунӣ ва хуштарҳу зеботар намудани манзилу макони зист башорат медиҳад. Қарзи шаҳрвандӣ ва маданияти шаҳрдорӣ аз ҳар як фарди бонангу номус, ватанпарвару худогоҳу ҳимматбаланд тақозо менамояд, ки ақаллан як ниҳол шинонанд, табиатро сарсабзу хуррамтар намоянд, кӯчаю хиёбон, ҷойи кор ва гузару маҳалли зисташонро ба тартиб оранд. Ин амалҳои нек ва садоқатмандона туҳфаи муносибе мегардад, ба истиқболи дигар идҳои таърихӣ ва фарҳангии соли равон, ки мо онро ҷашн хоҳем гирифт. Ҳамзамон, омодагӣ ба таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, эълон шудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба ифтихори ин солгарди таърихӣ аз ҳамагон тақвияти корҳои созандагиву бунёдкоронаро тақозо дорад.

Бо фарорасии Наврӯзи оламафрӯз ҳамагонро табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хотири ҷамъ, бахту саодат, хонаи ободу дастурхони пурфайз ва сари баланду барори кор орзумандам. Бигузор ҳар рӯзи умри Шумо мисли Наврӯз саршори шодию нишот ва орзуҳои наҷиб бошад!

Иди Наврӯзатон фирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз бод!