zoofirma.ru

Рӯзи 20 март дар арафаи таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон Боғи фарҳангӣ-фароғатии навбунёд мавриди истифода қарор гирифт.

Дар маросими ифтитоҳи иншоот муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар чаҳорчӯби корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар масоҳати 0,55 гектар бунёд гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонони Гулистон шароитҳои муосир фароҳам оварда шуд.

 

Давлаталӣ Саид ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ва суҳбат бо сокинон онҳоро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай табрик намуданд. Таъкид гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қаламрави мамлакат корҳои азими бунёдкорӣ ҷараён дошта, дар ин раванд сохтмону бунёди даҳҳо иншооти фарҳангӣ низ бо маром идома дорад.

Изҳори умед карда шуд, ки ифтитоҳи Боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар шаҳри Гулистон барои ҷалби бештари сайёҳон ба ин минтақаи туристӣ мусоидат хоҳад кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд