Дар ҳудуди деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ силоҳи шикорӣ истифода гардид, ки дар натиҷа шаҳрванди ҶТ Ҳакимов Ҳусейн, соли таваллудаш 1976, сокини маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз қисмати дилаш захмӣ шуда, дар беморхона ба ҳалокат расид. Инчунин, нозири калони минтақавӣ лейтенанти калони милитсия Авеззода Саидшариф аз қисми рони пой, шаҳрвандон Атамов Мақсадҷон, соли таваллудаш 1973, сокини маҳаллаи Тагисада аз қисмати сараш ва Аюбов Раҳим, соли таваллудаш 1973, сокини деҳаи Хоҷа Аълои ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ аз пояш захмӣ шуданд. Ҳамзамон дар натиҷаи сангпартоӣ сокини маҳаллаи Муъминободи ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ Соҳибов Раҳмониддин, соли таваллудаш 1984 ҷароҳат бардошт. Инчунин, аз тарафи шаҳрвандони ҶҚ анбори шаҳрванд Муллоҷонов Абдумаҷид, сокини деҳаи Хоҷаи Аъло ва осиёби маҳаллаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ оташ зада шуд.
Боиси зикр аст, ки саркардаи моҷарои мазкур раиси деҳаи Оқсойи ноҳияи Боткен, шаҳрванди ҶҚ Роза Усарова мебошад, ки иқдоми худро бо мақсади ғасби минтақаи коркарди захираҳои сангу шағали мавзеи наздикии деҳаи Хоҷа Аъло ба роҳ мондааст. Таҳлили воқеаҳои охир нишон медиҳад, ки Роза Усарова аз муташанниҷ гардидани муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдор буда, мунтазам ба барангехтани низои миллӣ миёни мардуми қирғизу тоҷик машғул мебошад.
Вазъ дар марзи Воруху Оқсой айни ҳол ором буда, таҳти назорати марзбонҳои ду кишвар қарор дорад.
Барои ба эътидол овардани вазъият, миёни намояндагони ҶТ бо роҳбарии муовини раиси вилояти Суғд Баҳоваддин Баҳодурзода ва намояндагони Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди маҳаллаи Зарафшони шаҳри Исфара гуфтушунид баргузор гардида, баррасии масъалаҳои баҳсӣ идома дорад.