zoofirma.ru

Ба ифтихори Рӯзи Модар дар муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Гулистон бо ташаббуси роҳбарони маҳфилҳои "Дастони моҳир", "Кешбофӣ" ва "Бофандагӣ"  озмуни "Модар фаришта аст" баргузор гардид.

Дар озмун иштирокчиёни маҳфилҳо фаъолона иштирок намуда, ҳунарҳои худро нишон доданд. Ҳар як иштирокчии маҳфил дар навбати аввал дар васфи Зан-Модар шеърҳоро қироат намуда, сипас ҳунари омода намудани хӯриш ва дигар анвои таомҳо, тарзи кокулбофӣ, тарзи дасторхонороӣ ва либосҳои миллиро нишон доданд.

Ҳамчунин, иштирокчиён бо суруду тарона ва рақсҳои дилнишин баромад карданд. Дар интиҳо ба ғолибон ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳо супорида шуданд.