zoofirma.ru

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон маҷлиси раёсати кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид. Доир ба вазифаҳои аъзои ҳизб дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ аз 7-уми феврали соли 2019 раиси кумиҷроияи шаҳрии ҲХДТ Муслимахон Ҷамолиён маърӯза намуд.

Доир ба омодагии ба ифтихори 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мудири шуъбаи кор бо занон Муяссар Раҳимова баромад намуд. Доир ба масъалаҳои баррасишуда, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардида, ҳамзамон рӯйхати фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, гурӯҳи аналитикӣ ва дигар масоили ташкилӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.