zoofirma.ru

Дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд даври вилоятии озмуни "Дастони моҳир" баргузор гардид.

Дар озмуни мазкур хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон низ фаъолона иштирок намуданд. Пас аз баҳогузори ҳакамон маълум гардид, ки хонандаи синфи 8 МТМУ рақами 7-и шаҳраки Адрасмон дар бахши "Қолинбофӣ" сазоворо ҷои саввум шуда, бо дипломи дараҷаи се қадрдонӣ карда шуд. Инчунин дар бахши "Пешниҳоди анъанаҳои миллӣ" хонандаи синфи 10-и МТМУ рақами 5-и шаҳраки Адрасмон Салими Паризода барои иштироки фаъолона бо Сипосномаи озмун сарфароз гардид.