zoofirma.ru

Санаи 24-уми феврали соли 2019 дар участкаи 1 интихоботӣ (ҳавзаи интихоботии «Балхӣ», №2) воқеъ дар бинои меҳмонхонаи «Далер-777» мутобиқи талаботи моддаи 48  Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи вакилони Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ” бинобар пеш аз муҳлат қатъ карда шудани ваколати вакилии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон интихоботи миёнадаврӣ гузаронида шуд.

Дар ҳавза рӯзи интихобот 473 нафар интихобкунандагон иштирок намуда, ба ҷонибдории номзад ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Гулистон и.в. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода 76,3 дар сади интихобкунандагон овоз доданд.

Комиссияи дахлдори интихоботӣ доир ба баргузории интихоботи миёнадаврӣ ва интихоби вакил қарори дахлдор қабул намуд.