zoofirma.ru

Дар толори гӯштин чемпионати марҳилавии интихобии якуми шаҳри Гулистон оид ба гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон, бахшида ба 26-солагии Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба тамрини мунтазами тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарғибу ташвиқи гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон дар шаҳр, баланд бардоштани маҳорати варзишии варзишгарон ва муайян намудани узви дастаи мунтахаби шаҳри Гулистон оид ба намуди гӯштини юнонӣ-румӣ байни наврасону ҷавонон беш аз 50 варзишгар дар мусобиқаи марҳилавӣ ва интихоботӣ иштирок намуданд.

Дастаи мунтахаби шаҳр оид ба гӯштини тарзи юнонӣ-румӣ дар ҳайати 10 нафар варзишгар муайян карда шуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни мусобиқа бо диплом ва медал қадрдонӣ карда шуданд.