zoofirma.ru

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии виляоти Суғд ва дастури Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар толори ҷамоати шаҳраки Сирдарё мулоқоти интихолбкунандагон бо вакили Маҷлиси вакилони ахлқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии № 15 «Қайроққум», раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сатториён Матлубахон Амонзода баргузор гардид. Вохӯриро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Илҳом Мадализода ҳусни оғоз бахшид.

Сипас вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Матлубахон Амонзода доир ба фаъолияти вакилӣ ва ҷиҳати амалӣ кардани рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14-уми марти соли 2018, №89 «Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуд.