zoofirma.ru

КОНСОЙ. Дар толори ҷамоати шаҳрак ва муассисаи таълимии № 3 мулоқоти волидайн бо намояндагони ҷамоати шаҳрак ва комиссариати ҳарбии шаҳр дар мавзӯи “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори ватандорист” доир гардид.

Дар он комиссари ҳарбии шаҳр майор Ином Мавлонов, раиси ҷамоати шаҳраки Консой Баҳодур Саъдуллоӣ баромад карда,  дар натиҷаҳои даъвати тирамоҳӣ ва омодагӣ ба даъвати баҳорона,  тартиби ташхиси ҷавонписарони синни даъват ва даъватшавандагон, доир ба хизмати садоқатмандонаи ҷавонписарони консоӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат суханронӣ намуданд. Дар мулоқот волидайн ба саволҳои сершумори худ доир ба раванди даъват ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.