zoofirma.ru

Дар толори шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки сармуҳосибон семинар-машварат доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019” ва масъалаҳои марбут ба андоз ва андозбандӣ баргузор гардид.

Семинар-машваратро сардори Нозироти андози шаҳри Гулистон Маҷид Маҳмудов оғоз бахшид. Масъалаҳои семинар-машварат аз тарафи масъулин шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар кори семинар машварат муовини сардори Раёсати андоз дар вилояти Суғд Обиди Муҳаммадсаид иштирок ва баромад намуд.