zoofirma.ru

Дар толори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон бо иштироки намояндагони ҷамоати шаҳракҳо, корхонаву муассисаҳо ҷаласа оид ба баррасии Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 баргузор гардид.

Ҷаласаро сардори бахши муҳити зисти шаҳри Гулистон Хуршед Салимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд Хуршед Саидов доир ба ҷараёни татбиқи барномаи номбурда сухан ронда, доир ба рафти санҷиш аз ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии комплекси рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Гулистон ва вазифаҳои дар пеш истода ибрози андеша намуд.