zoofirma.ru

Бахшида ба 30-солагии баровардани қӯшунҳои Иттиҳоди Шӯравӣ аз хоки Афғонистон тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чорабиниҳои гуногуни ҳарбӣ-ватандӯстӣ дар ҳудуди шаҳр баргузор гардида истодааст.

Дар шаҳраки Консой аъзои ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷанговарони интернатсионалист ва муҳофизони сохти конститутсионӣ (раисаш Даврон Тӯхтаев), якҷоя бо кормандони ҷамоати шаҳрак ва комиссариати ҳарбӣ модари ҷанговари интернатсионалисти шаҳидгардида Дурбибӣ Сафароваи 82-соларо, ки писараш Олим Сафаров дар набардҳои ҷанги афғон ҳалок шудааст, аёдат намуданд. Ҳини суҳбат аз матонату иродатмандии ҷанговарони интернатсионалист, ки қарзи худро дар назди Ватан-Модар адо кардаанд, ёдоварӣ карда шуд.

Ҷанговарони интернатсионалист инчунин дар доираи чорабиниҳо аксияи «Хотира» гузаронида, дар оромгоҳҳои маркази шаҳр, шаҳракҳои Консою Чоруқдаррон қабрҳои шаҳидонро зиёрат карда, гулчанбарҳо гузоштанд.