zoofirma.ru

Дар толори хурди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 ва тибқи нақшаи ҷадвали мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд нишасти матбуотии раиси шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳр намояндагони беш аз 25 васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Дар ибтидо иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми соли 2018-ум иттилоъ дода, зикр кард, ки дар соли ҳисоботӣ соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр фаъолияти бомаром доштанд. Аз ҷумла, корхонаҳои саноатӣ дар давоми соли 2018 ба маблағи аз 3,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки ин нисбати ҳамин давраи соли гузашта 91,1 фоизро ташкил дод. Аз 30 корхонаи саноатии шаҳр 17-тои он афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100,7% то ба 830% расониданд. Корхонаҳои саноатӣ бо 19 кишвари ҷаҳон робитаи тиҷоратӣ доранд. Вазни қиёсии корхонаҳои саноатӣ дар ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят 30,1 фоизро ташкил дод. Дар ин давра истеҳсоли барзиёди маҳсулоти саноатӣ аз рӯи 93 намуди аслӣ ба роҳ монда шуд.

Давоми соли 2018 ба қисми даромади буҷети давлатӣ 144,9 миллион сомонӣ маблағҳои андозу пардохтҳо ворид гашт. Нақшаи даромади буҷети шаҳрӣ ба маблағи 44,8 миллион сомонӣ иҷро шуд. Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ бо дарназардошти хароҷот 42 миллиону 690 сомонӣ иҷро гашт. Дар давоми сол ба иқтисодиёти шаҳр 572,8 миллион сомонӣ инвеститсия ҷалб гардид. Аз ҷумла 530,0 миллион сомониро инвеститсияҳои хориҷӣ ва 42,8 миллион сомониро инвеститсияи дохилӣ ташкил дод. Музди маоши миёнаи кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ 1753 сомониро ташкил медиҳад. Теъдоди умумии ҷойҳои кории доимӣ 10199 ададро ташкил медиҳад. Шумораи шаҳрвандони машғули кор 8535 нафар буда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 246 нафар зиёд аст ва 119 ҷойи кории холӣ ба корҷӯён пешниҳод шудааст.

Соли 2018-ум 27 иншооти истеҳсолию коммуналӣ ва манзилӣ ба истифода дода шуд. Корҳои бинокорию васлгарӣ ба маблағи ба маблағи 245,9 миллион сомонӣ иҷро гардид. Дар давоми сол 8,7 км роҳҳои автомобилгард таъмири асосӣ, 21,5 км таъмири ҷорӣ, 27,0 км шағалпӯш карда шуд, ки 109,2 фоизи нақшаро ташил медиҳад. Дар давоми сол зиёда аз 520 чорабиниҳои тарғиботӣ-ташвиқотӣ, оммавӣ-фарҳангӣ гузаронида шуданд. Соли 2018 дар маҷмӯъ ба 5893 оила ёрии моддӣ ва молиявӣ ба маблағи 726,2 ҳазор сомонӣ расонида шуд.

Дар давоми сол ба муассисаҳои минтақаи истироҳатии шаҳр расман 3862 нафар меҳмонони хориҷӣ ва 27340 нафар истироҳаткунандагони дохилӣ бо қайди расмӣ ташриф оварданд.

Сипас иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба саволҳои намояндагони ВАО посух дод. Рӯзноманигорон доир ба рушди сайёҳӣ, сармоягузорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ, фаъолияти корхонаи ҶСШК “КМ Адрасмон”, мақоми зан, барномаи рушди соҳибкорӣ, омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва монанди ин саволҳо дода, посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар нишасти матбуотии Раиси шаҳри Гулистон намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилоят Муҳаммадӣ Давлатов иштирок дошт.

 

 

 

 

 

 

 

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Гулистон