zoofirma.ru

Дар шафати кӯчаи асосии маркази шаҳр ва майдони назди шуъбаи маорифи шаҳр чорабиниҳои идона ба ифтихори ҷашни миллии Сада баргузор гардид.

Чорабинӣ дар шафати кӯчаи асосии шаҳр – Истиқлол бо ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишварзӣ, ниҳолу гулбуттаҳо ва маҳсулоти мавриди ниёзи мардуми корхонаҳои шаҳр ибтидо гирифта, дар он кишоварзони ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич, Панҷакент, Истаравшан ва корхонаҳои шаҳр ҶДММ «Фаровон», ҶСК «Моҳипарварии Гулистон» маҳсулоти худро бо нархҳои нисбатан арзон, аз ҷумла орду асал, моҳӣ, ниҳолҳо ва маҳсулоти полезӣ пешкаши сокинони шаҳр намуданд.

Сипас бо афрӯхтани оташу дар гирди он хурсандӣ намудани сокинон ва намоиши бозиҳои миллӣ аз тарафи варзишгарони ҷавони гулистонӣ идома ёфт.

Намояндагони ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Чоруқдаррон, Зарнисор, Сирдарё, ҷомеаи меҳнатии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ҶДММ «Осоишгоҳи Баҳористон», КВД «Осоишгоҳи Шифо», МҒД «Коллеҷи тиббӣ», муассисаҳои соҳаи маориф ва тандурустии шаҳр бо оростани дасторхони идона ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва эҳёи оинҳои миллӣ дар тантанаҳои идона иштирок намуда, омода намудани таомҳои миллиро, аз қабили чалпакпазӣ, оши бурида, оши палав ба сокинон манзур намуданд. Дар намоиши ҳунарҳои мардумӣ иштироки адрасбофон, алочабофон, кешбофон ва монанди ин ба тантанаҳои идона шукӯҳи тоза бахшид.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода сокинон ва меҳмонони шаҳрро бо таҷлили иди Сада муборакбод намуд.

Санъаткорони бахши фарҳанг барномаи марғуби консертиро таҳти унвони «Сада – муҷдаи Наврӯз» манзури ҳозирин намуданд.

Дар саҳни маркази фароғатӣ-истироҳатии «Соҳил» барои 100 нафар собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманди шаҳр, муҳофизони сохти конститутсионӣ, ҷанговарони байналмилал, чернобилчиён ва қишри ниёзманди аҳолӣ аз тарафи марказҳои фароғатӣ-истироҳатии «Соҳил», «Маниҷа» ва маркази хизматрасонии «Дурахшон» дасторхони идона ороста, оши палави хайриявӣ дода шуд.

Пас аз чорабиниҳои идона дар минтақаи саноатии шаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ ба вуқӯъ пайваст. Дар ин ин маърака беш аз 300 бех ниҳолҳои дарахтони сояафкан шинонида шуд.