zoofirma.ru

Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гурӯҳи тарғиботӣ дар ҳайати  Абдуалӣ Абдуманнонов, профессор, доктори илмҳои физика ва математика, Рустамҷон Юлдошев, номзади илмҳои таърих, устоди ДДХ,  Шуҳрат Саидзода,  номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ дар толори муассисаи кумаки аввалияи тиббӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 бо фаъолони шаҳр, намояндагони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ мулоқот доир намуд.

Зимни баромадҳо тазаккур дода шуд, ки Паёми навбатӣ бори дигар Пешвои миллати моро ҳамчун як сиёсатмадори борикбин, сиёсатмадоре, ки такя ба воқеият мекунад, нишон дод. Дар баробари се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ барои амалишавӣ ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатисозии босуръати кишвар гузошта шуд, ки тақозои замон аст. Имрӯз барои амалишавии ин стратегия дар кишвар тамоми заминаҳо, чи ҳуқуқӣ ва чи иқтисодиву истеҳсолӣ мавҷуданд.

Дар мулоқот инчунин иштирокчиён Санавбар Нуриллоева, собиқадори меҳнат, ходими давлатию ҳизбӣ, Лутфия Неъматзода, иҷрокунандаи вазифаи сармуҳаррири рӯзномаи «Соҳил», Аҳлиддин Абдураҳмонов, директори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳр, Исмоил Саидов, омӯзгори МТМУ № 14-и шаҳр дар бораи муҳтавои Паёми Сарвари давлат ибрози андеша намуда, шукронаи даврони истиқлолияти давлатӣ карда, доир ба баланд бардоштани маърифати сиёсии сокинон мубодилаи афкор намуданд.