zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои қаламрави шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ  дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-ифодагари орзуву ормонҳои сокинони кишвар» ба роҳ монда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифҷон Тоҷибоев, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Хуршед Назаров, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, биснес ва сиёсати Тоҷикистон иштирок намуда, якҷоя бо тарғиботчиёни маҳаллӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.

Тарғиботчиён роҷеъ ба Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла роҷеъ ба дастовардҳои даврони истиқлолият, амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло рафтани сатҳи иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, ҳифзи оромӣ ва осудагии кишвар, эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”     ҳамчун соли ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зам шудани рушди деҳот мантиқан хеле созгор ва саривақтист, зеро ҳам ҳунарҳои мардумӣ ва ҳам сайёҳӣ бе рушди деҳот наметавонанд комёбии пурра ба даст оваранд ва дигар паҳлуҳои Паём суханронӣ намуданд.

Дар маҳфилҳои сиёсӣ иштирокдорон низ суханронӣ карда, тафохури хешро аз дастовардҳо ва неъмати Истиқлолияти давлатӣ, аз оромиву осудагӣ иброз карда, доир ба иҷрои дастуру нишондодҳо ва вазифаҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баёнгардида, баромадҳо карда, иброз намуданд, ки ҳамарӯза дар фаъолият ва зиндагии худ онҳоро чун раҳнамои рӯзгори нек сармаршқи кор хоҳанд кард.