zoofirma.ru

Дар шаҳри Гулистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо корҳои мушаххас роҳандозӣ карда мешаванд.

Тибқи нақшаи чорабинии 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагиии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонӣ дар шаҳри соҳили “Баҳри тоҷик” рӯз то рӯз тақвият меёбад.

Дар шафати роҳи хатсайри Хуҷанд-Гулистон ва минтақаи истироҳатӣ рӯзҳои истироҳат бо иштироки сокинон, намояндагони соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр, кормандони масъули мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва хоҷагии коммуналии шаҳр дарахтони сояафкану ороишӣ шинонда шуда, инчунин инчунин ба насби 225 симчӯбҳои равшанидиҳанда ва ба сохтмони деворҳои муҳофизатии қади роҳҳо оғоз бахшида шуд. Дар ин рӯз беш аз 170 бех дарахти ардач ва 60 бех санавбар шинонида шуд.

Корҳои ободонӣ бунёдкорӣ ва созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон бомаром идома дорад.