zoofirma.ru

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи кунунии фаъолияти иншооти иҷтимоии шаҳраки кӯҳканон - аз шаҳраки Адрасмон боздид ба амал овард.

Раиси шаҳр бо фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии шаҳрак ва деҳоти Зарчашма ва Гулдара, вазъи зимистонгузаронии онҳо бевосита шинос шуда, бо кормандони соҳаи маориф ва тандурустӣ суҳбати ошкоро намуда, доир ба фаъолияти бонизом ва мураттаби иншооти номбурда назди масъулин вазифагузориҳои мушаххас намуд.

 

Зикр гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ободонӣ, кабудизоркунӣ ва хуррамгардонии муҳити атроф дар шаҳрак корҳо тақвият ва вусъат бахшида шуда, доир ба тарғибу тавсеаи ҳунарҳои миллӣ ва дастгирии соҳибкорон тадбирҳои амалӣ андешида шавад. Ҳамзамон, доир ба истиқболи арзандаи ҷашни бузурги миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмилу иҷрои саривақтии нақшаҳо дар шаҳрак ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуданд.