zoofirma.ru

Дар толори театри мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти и.в.Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни гулистоние, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Хуҷанд таълим мегиранд, баргузор гардид.

Мулоқотро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Олимҷон Мирмуҳаммедов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Раиси шаҳри Гулистон Фирдавс Шарифзода зимни суханрониаш роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр дар давоми ёздаҳ моҳи соли равон, вусъати корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва созандагӣ дар шаҳру шаҳракҳо, ташкили ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳаи маориф ва монанди ин иттилоъ дод.

Тазаккур гардид ки тамоюли рушди саноат дар шаҳр бомайлон пеш меравад ва эҳтиёҷот нисбат ба қувваи корӣ дар шаҳр сол то сол меафзояд. Барои шаҳри саноатӣ мутахассисони соҳибтахассус, заҳматписанд ва кордон хеле заруранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷалби мутахассисони ҷавонро ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр яке аз самтҳои асосии фаъолияти хеш қарор додаанд.

 

Сипас тибқи қарори Раиси шаҳр ба беш аз 80 нафар донишҷӯёни аълохон, фаъол ва аз оилаҳои эҳтиёҷманд кумакпулии яквақта супорида шуданд.