zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии «Истиқлол»-и шаҳр мулоқоти намояндагони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинон, ҷавонон ва бонувони шаҳр доир гардид.

Ҷаласаро сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳорҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти  Суғд Зайнура Шарифӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Зикр гардид, ки 18 декабр рӯзи байналхалқии муҳоҷир буда, тибқи он мулоқоту вохӯриҳо дар асоси нақшаи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳру навоҳии вилоят бо сокинон, ҷавонону бонувон ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳадаф аз баргузории чунин мулоқотҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ буда, танзими дурусти ҷараёни муҳоҷират мебошад.

Элмурод Турсунов доир ба муҳоҷирати аҳолӣ ҳамчун ҷараёни мураккаби иҷтимоӣ, таснифи муҳоҷирати аҳолӣ сухан ронд. Мирзо Абдуллоев намояндаи КВД «Бирҷаи меҳнати ҷавонон» доир ба ташкили муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон баромад кард. Дар мулоқот инчунин Нурулло Навзаров, сардори  Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Хадамоти муҳоҷират, Ҷамшед Қаландаров, муовини директори МД «Маркази машварат ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирати меҳнатӣ»-и шаҳри Душанбе ва дигар масъулини Хадамоти муҳоҷират иштирок намуданд.

Пас аз баромадҳо масъулини соҳа ба саволҳои сершумори сокинони шаҳри соҳили «Баҳри тоҷик» оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ посухҳои мушаххас доданд.