zoofirma.ru

…Ман баъди ҳазор меоям бозБахшида ба 74-солагии зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, равоншод Лоиқ Шералӣ дар Кохи Истиқлол маҳфили ёдбуди «Ман баъди ҳазор меоям боз» доир гардид. Кормандони китобхонаи марказӣ барои дӯстдорони назму наср намоиши китобҳои бадеии нобиғагони аср -  шоири тавонои халқ Мирзо Турсунзода ва ахтари самои сухан Лоиқ Шералиро ба марази тамошо гузоштанд.

…Ман баъди ҳазор меоям боз

Дар чорабинӣ Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод, Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Сухани халқ», устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Тоҷибой Султонӣ, устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, ровии шеъри Аҷам Аслан Каримов, адибон Мадализода Илҳоми Раҳим, Баҳоралӣ Ноқил иштирок ва хотироти хешро бо меҳру муҳаббати бепоён аз ҳаёти инсони беқиёс, мунодии наҷоти мо, пуштибони фарҳангу миллат, сарҷаридаи шеъри Аҷам Лоиқ Шералӣ ба забон оварданд.

…Ман баъди ҳазор меоям боз

Ҳунарнамоиҳои ровӣ Аслан Каримов, толибилмони муассисаи таълимии №1 ва гимназия, дастаи рубобнавозони мактаби мусиқии бачагона таҳти сарварии Холида Рахматулина, суруду таронаҳои Соҳиба Каримова, Шохрух Шамсиев, Насимҷон Хушвақтов, Азимҷон Холов ва Некқадам Маҷидов маҳфилро рангину ҷолиб намуд.