zoofirma.ru

Таҷлили Рӯзи оила дар «Баҳористон»Оила дар ташаккули инсон аҳамияти муҳими аввалиндараҷа дошта, нахустин заминаи иҷтимоии шахс маҳсуб меёбад. Ин аст, ки дар кишвари мо аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ба нақши оила дар пешравии ҷомеа таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мешавад.   «Соли оила» эълон шудани соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат, ин худ тасдиқи гуфтаҳои болост. Ҳадафи аслии  ин иқдоми Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон албатта, баланд бардоштани нақши оила дар ҷомеа буда, он ба тарбияи фарзанд ва тақвияти муносибатҳои хуби муошират байни аъзоёни оила равона шудааст.

Дар «Осоишгоҳи Баҳористон» чорабинии шаҳрӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии оила баргузор шуд. Маҳфил таҳти унвони «Оила – сарвати бебаҳои ҷомеа» мутобиқ ба нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қайроққум, кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ва ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» ба вуқӯъ пайваст.

Таҷлили Рӯзи оила дар «Баҳористон»Сухани муборакбодии Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода оғозбахши маҳфил буда мавсуф таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати талошу сиёсати пайгирона ва заковати хирадмандонаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимояи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии оила, кӯдак ва волидайн қадамҳои усутувор мегузорад. Принсипи инсондӯстӣ ва ятимпарварии Сарвари давлат аҳли ҷомеаро водор месозад, ки барои таҳкиму устувории оила ва бақои он  кӯшиш намуда, онро масъалаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ қабул намояд.

Баъдан муовини аввали Раиси ҲХДТ Раъно Бобоҷониён, шоира, раиси бунёди байналмилалии «Хубони порсигӯ», узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринисо Бобобекова ва сардухтури ҶСП «Осоишгоҳи Баҳористон» Баҳодур Султонов аз рисолати аслии оилаву оиладорӣ, пойдории он аз тифоқию ҳамдигарфаҳмӣ ва фароҳам овардани муҳити хуби иҷтимоӣ ба оилаҳои ҷавон ҳарф заданд.

Таҷлили Рӯзи оила дар «Баҳористон»Маврид ба зикр ҳам аст, ки дар шаҳри Қайроққум 20 ҳазор оилаҳои комилу устувор зиндагӣ доранд. Бино бар маълумоти мудири бахши кор бо занон ва оила Муслимахон Исоқова дар маҳфил 14 оилаи намунавию рӯзгордида, ки собиқаи аз 25 то 45 солагӣ доранду имрӯзҳо бо хурсандию якдигарфаҳмӣ умр ба сар мебаранд ва 2 оилаи ҷавон ҳузур доштанд. Намояндагони оилаҳо андешаҳои хешро дар равиши чорабинӣ бобати омилҳои вайроншавии оилаҳо, надонистани маърифати ҳуқуқӣ, ботамкинию якдигарфаҳмӣ, роҳ надодан ба рашк, ҳидояти ҷавонон ба одамдӯстию хушрафторӣ ва амсоли инҳо иброз намуданд.

Иқдоми хатнасури се нафар фарзандони кормандони «Осоишгоҳи Баҳористон» ба маҳфил мазмуни тоза бахшид. Мукофотҳои хотиравии Раиси шаҳр ба оилаҳои намунавии даъватшуда супорида шуд.

Суруду таронаҳои марғубадори Даврон Абдуллоев, Соҳиба Каримова, Хуршед Тӯхтаев, Шоҳрух Шамсиев, Некқадам Маҷидов, ширинкориҳои Фатҳулло Абдуллоев ва рақсҳои мавзуни гулдухтарон маҳфили идонаро шукуҳу хотири ҷамъомадагонро болида сохт.