zoofirma.ru

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар 43 корхонаву муассиса, идораву ташкилотҳои қаламрави шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо бо намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатӣ хониши сиёсӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон – парчамат поянда бод!” ва итфитоҳи агрегати якуми НБО “Роғун” ба роҳ монда шуд.

Дар баргузории хониши сиёсӣ тарғиботчиён аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шарифҷон Тоҷибоев, доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва собиқадори меҳнат Маҳкамбой Миркамолов, инчунин тарғиботчиёни маҳаллӣ иштирок намуда, доир ба мавзӯи Рӯзи ягонаи ахбори сиёсӣ баромадҳо карданд. Дар шаҳракҳо бошад хониши сиёсӣ бо иштироки тарғиботчиёни маҳаллӣ ба роҳ монда шуд.

Аз ҷумла, дар ҷамоати шаҳраки Адрасмон дар 7 ҷомеаи меҳнатӣ, дар ҷамоати шаҳраки Консой дар толори ҷамоати шаҳрак, ду муассисаи таълимӣ, дар ҷамоати Чоруқдаррон дар толори маркази саломатӣ, толори МТМУ №2, мактаби бачагонаи санъат ва МДТТ №5, дар шаҳраки Сирдарё дар толори ҷамоат ва ЭКГҚ, дар ҷамоати шаҳраки Зарнисор дар толори беморхонаи шаҳрак, дар ҷамоати шаҳраки Навгарзан дар толори ҷамоат гузаронида шуд. Аз ҷумла, дар маркази шаҳр бо иштироки тарғиботчиён ва кормандони МИҲД-и шаҳр дар толори бахши фарҳанг,маркази саломатӣ, панҷ муассисаҳои таълимӣ, коллеҷи тиббӣ, дар толори осоишгоҳи «Баҳористон», «Шифо», ШБ Суғд, НБО «Дӯстии халқҳо», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ва дигар идораву муассисаҳо ба роҳ монда шуд.