zoofirma.ru

Аёдати ашхоси ниёзманд, пирони барҷомонда, яккаву танҳо, собиқадорони ҷангу меҳнат дар арафаи иду ҷашнҳо ба ҳукми анъана даромадааст. Ба муносибати 70-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода дар маркази шаҳр 15 нафар ва дар Ҷамоати шаҳракҳо зиёда аз 60 нафар табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ аёдат карда шуданд.

Ба ҳар яки онон маводҳои озуқа, монанди қанд, гӯшт, равған, чой, макарон ва амсоли инҳо аз ҷониби кормандони шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона дастрас намуда шуд.

Барои сарҳадбонони қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳр воқеъ буда ташкили дастархони идона ва барномаҳои консертӣ мавриди амал қарор дорад.