zoofirma.ru

100 нафар соҳиби замин шуд

Бо иқдоми Раиси шаҳри Қайроққум Матлубахон Амонзода 100 нафар шаҳрвандони эҳтиёҷманд дар арафаи Иди Ғалаба аз шаҳраки навбунёди Сайҳун соҳиби заминҳои наздиҳавлигӣ гардиданд.

Гирандагони идрорпулии Раиси шаҳр

25 нафар хонандагони фаъоли муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр барои гирифтани идрорпулии Раиси шаҳри Қайроққум сазовор дониста шуданд.

Ҳашари умумишаҳрӣ

Тозаву озода нигоҳдории муҳити зист вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Баҳри сазовор истиқбол гирифтани Иди Ғалаба шанбеи сипаригардида кулли шаҳрвандон ба ҳашари умумишаҳрӣ баромада ҳудуди манзили зист ва коргоҳро  аз партовҳо тоза намуданд.

Рӯзи якдилӣ

Рӯзи якдилии байналхалқии меҳнаткашони тамоми дунёро сокинони шаҳри Қайроққум дар Маркази Сомониён ботантана таҷлил намуданд. Барномаи рангини консертӣ хотири ҷамъомадагонро болида сохт.