zoofirma.ru

Армуғони ҲХДТ ба Иди Ғалаба

24 апрел дар Маркази Сомониён ба муносибати 70-солагии Иди Ғалаба чорабинии фарҳангии кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ баргузор гардид.

Раиси кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ Каромат Қосимова зимни суханронӣ дар ин маросим тазаккур дод, ки чорабинии мазкур дар доираи омодагӣ ба ҷашни 70-солагии Рузи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 барпо мегардад. Мақсад саҳми муносиб гузоштани ҳизбиён дар ин ҷашни мубораку таърихӣ ва арҷгузорӣ ба фидокорию корнамоиҳои родмардони баору номуси Ватан мебошад.

Армуғони ҲХДТ ба Иди ҒалабаСипас, ба як гурӯҳ фаъолони ташкилоту корхонаҳо дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд. Барномаи рангини консертии ҳунарпешагон ва баромади хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба маҳфил шукӯҳи тоза бахшиданд.