zoofirma.ru

Дар Кохи фарҳангии “Истиқлол”-и шаҳри Гулистон давраи шаҳри фестивал-озмуни “Атласу адраси Суғд” баргузор гардид. Дар фестивал-озмуни шаҳрӣ беш аз 100 нафар иштирокчиён аз маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳои Консой, Чоруқдаррон, Сирдарё ва Адрасмон ширкат варзиданд.

Иштирокчиён аз рӯи намудҳои либосҳои беҳтарин, ки аз атласу адрас дӯхта шудаанд, либоси кӯдакона, либоси расмӣ, либоси идона ва либоси арӯсию домодӣ байни ҳам қувва озмуданд. Махсусан маҳорати омода сохтани либосҳои кӯдакона бо иштироки беш аз 40 нафар иштирокчиён хеле самимӣ ва шавқовар ба вуқӯъ пайваста, тамоми иштирокчиён бо туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, ҳайати ҳакамон иштирокчиёни ғолибро дар номинатсияи либоси кӯдакона: иштирокчиён таҳти рақамҳои 8, 55, 57, дар намуди либоси расмӣ иштирокчиён таҳти рақамҳои 88, 26, 29, дар номинатсияи либоси идона иштирокчиён таҳти рақамҳои 72, 13, 90 ва дар намуди либоси арӯсию домодӣ иштирокчиён таҳти рақами 40, 74 ва 77 муайян карданд. Ба ғолибон туҳфаҳои қимматноки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.

Дар ҷараёни фестивал-озмун санъаткорони бахши фарҳанг бо барномаи марғуби консертӣ табъи ҳозиринро шод карданд.

Ғолибони фестивал-озмуни шаҳрӣ ба давраи вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.