zoofirma.ru

Дар партави сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳидоятҳои ҳамешагии Пешвои миллат роҷеъ ба дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон дар ҳамкорӣ бо корхонаву ташкилотҳо, соҳибкорон ва ашхоси саховатманд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

Ба итфихори 27-солагии Истиқлолияти давлати ва иди саиди Қурбон Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода гурӯҳи калони собиқадорони меҳнат аёдат карда шуда, ба онҳо кумакҳои яквақтаи моддӣ расонида шуданд. Дар маҷмӯъ ба беш аз 700 нафар сокинони ниёзманди маркази шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо дар арафаи ҷашнҳои милливу суннатӣ маводҳои хӯрокворӣ супорида шуданд.