zoofirma.ru

Бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии яке аз ҷамоати дурдастарин – шаҳраки Навгарзан Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода бо ҳамроҳии роҳбарони сохторҳои қудратӣ боздид ба амал овард.

Бо иштироки Раиси шаҳр дар марказӣ саломатӣ як утоқи таваллуд ва хатна бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шуд. Зимни боздид аз қисми низомӣ барои сарҳадбонон ҳаммоми замонавӣ ба истифода дода шуда,  дастархони идона барои афсарону сарбозон густурда шуд. Ҳамчунин аёдати панҷ нафар оилаҳои ниёзманд ба вуқӯъ пайваст. Меҳмонон инчунин аз ҷараёни сохтмони купрӯк дар ағбаи шаҳрак дидан намуданд.

Дар толори МТМУ № 11 мулоқоти Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода бо сокинони шаҳрак баргузор гардид. Дар он дар баробари масоили иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, масоили марбут ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, омодагӣ ба мавсими зимистон, масъалаи терроризму экстремизм ва монанди ин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ду нафар соҳибкорони шаҳрак тасмим гирифтанд, ки ба итфихори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳрак Кошонаи ҳусн ва сартарошхона сохта ба истифода медиҳанд.

Раиси шаҳр ба масъулини ҷамоати шаҳрак оид ба рафъи камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.