zoofirma.ru

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии «Соҳил» чорабинии рангин ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мудири бахши кор бо занон ва оила Ойниссо Раҳматова, мудири бахши САҲШ Наргис Маҳмудзода ва Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат Каромат Қосимова баромад намуда қайд карданд, ки оила ин асоси давлат буда, арзишҳои маънавии онро бояд ҳифз карда, теъдоди оилаҳои солим ва устуворро зиёд бояд кард.

Дар чорабинӣ 9 оилаҳои зиёӣ Истамовҳо, Кабировҳо ва ҳунармандон Рӯзиевҳо, Пӯлотовҳо, Ҳоҷиевҳо, Турабоевҳо,ва Муллобоевҳо аз ҷамоати шаҳракҳо иштирок карда, доир ба таҷрибаи рӯзгордорӣ мубодилаи афкор намуданд. Дар охир санъаткорони шаҳри Гулистон барномаи консертии марғубро манзури иштирокчиён намуданд. Ба оилаҳои намунавии шаҳр туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуданд.