zoofirma.ru

Дар муассиаси таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври сеюми озмуни «Академияи хурди илмҳо» баргузор гардид, ки дар он 14 нафар намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон иштирок намуданд.

Дар даври вилоятӣ 5 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимӣ Ситора Шарифова -хонандаи синфи 11-и МТМУ №2 аз бахши адабиёти русӣ дар мавзўи «Эҷодиёти Лоиқ Шералӣ», Самандар Ҷамолиддинов – хонандаи синфи 9-и МТМУ №14 дар бахши забони англисӣ дар мавзўи «Соли 2018-Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», Парвина Ҳақназарова – хонандаи синфи 9-и МТМу №14 дар бахши таърих дар мавзўи «Пешвои миллат- ифтихори мост», Фаромўз Файзуллоев – хонандаи синфи 11-и МТМУ №14 дар бахши технологияи иттилоотӣ дар мавзўи «Поднимаем онлайн ТВ», Шаҳноза Халифаева – хонандаи синфи 10-и МТМУ №14 дар бахши экология дар мавзўи «Муҳити зист ва муҳофизати табиат» сазовори ҷойҳои намоён гардида, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифтанд.