zoofirma.ru

Ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе тибқи равзанаи ягона қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ба вуқӯъ мепайвандад.

Дар қабули шаҳрвандон муовини раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ ва мудирони шуъбаву бахшҳо ва зерсохторхои мақомоти иҷроияи ширкат меварзанд. Дар рӯзи қабул шаҳрвандон асосан оид ба ҳаллу фасли масъалаҳои таъмин бо ҷойи кор,  ёрии моддӣ, шуғлнокӣ, хизматрасонии коммуналӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар масоил рӯзгору маишати хеш муроҷиат менамоянд.

Муроҷиатҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ҷараён гирифта, мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.