zoofirma.ru

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти индоз ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ҷаласаро Раиси шаҳр Матлубахон Амонзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, роҷеъ ба фаъолияти кормандони нозироти андози шаҳр,  ғанигардонии буҷет, кор бо андозсупорандагони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тақвияти корҳои ташвиқотӣ-тарғиботӣ дар байни сокинон доир ба шарҳу тавзеҳи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд.

Дар охир дар вазъи тантанавӣ ба кормандони нозироти андоз, собиқадорон ва пешоҳангони соҳа сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр супорида шуданд.