zoofirma.ru

Дар мамлакат бораи иштирокчиёни бартарафсозандаи оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил як қатор санадҳои меъёрӣ қабул карда шудаанд, ки онҳо барои ҳифзи иҷтимоӣ, барқарорсозии тандурустии иштирокчиёни рафъи ин садама равона гардидааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар навбати худ ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии чернобилчиён аҳамияти хоса дода, дар ин раванд тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Гулистон аз 4-уми апрели соли равон, № 75 «Дар бораи гузаронидани рӯзи ёдбуди бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил» нақшаи чорабиниҳо иборат аз 10 банд ба тасвиб расида, корбарӣ карда шуд. Ҳамзамон барои бартарафкунандагони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил кумакҳои иҷтимоӣ ва молиявӣ барои 11 нгафар иштирокчиён ва 4 оилаи бесаробонмонда аз садама расонида шуданд.